Ссылки доступа

"Кӯлоб Петролиюм" муваззаф шуд, 13,7 млн $ ҷубронпулӣ пардохт кунад


Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ мақарраш дар шаҳри Париж ширкати "Кӯлоб Петролиум Лимитед"-ро вазифадор кард, ки барои иҷро накардани ӯҳдадориаш дар назди ширкатҳои нафту гази СNPC-и Чин ва Total-и Фаронса дар ҳаҷми 13,7 миллион доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Ширкатҳои азими СNPC-и Чин ва Total-и Фаронса соли 2012 бо «Кӯлоб Петролиум Лимитед» як ширкати офшории Bokhtar Operating Company BVI-ро таъсис дода буданд. Ҷонибҳо ният доштанд, тавассути ин ширкат дар чаҳор кони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон нафту газ истихроҷ кунанд.

Аммо моҳи сентябри соли 2016 СNPC ва Total ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”-ро ба напардохтани 2 миллион доллар саҳмаш барои истихроҷи нафгу газ дар ин конҳо айбдор карда, алайҳи он ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурданд. Рӯзи 30-уми декабри соли 2017 “Тетис петролиум”, ки “Кӯлоб Петролиум” ширкати тобеи он мебошад, бо нашри як изҳорот аз бохтани баҳс дар додгоҳи ҳакамӣ хабар дод.

Додгоҳи ҳакамӣ эътироф кардааст, ки “Кӯлоб Петролиюм Лимитед” ӯҳдадориашро дар назди коршарикони хориҷӣ иҷро накард. Бинобар ин, додгоҳ ин ширкатро муваззаф кардааст, ки 33 дарсад саҳмияи худро дар ширкати Bokhtar Operating Company BVI ба СNPC ва Total бидиҳад ва бар замми ин 13,7 миллион доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Ширкати "Тетис Петролиум" дар изҳороташ гуфтааст, барои он аз сармоягузорӣ дар тарҳи Бохтар худдорӣ варзидааст, ки пажӯҳишҳо собит карданд, захираҳои нафту газ дар ин майдон аз пешбинии геологҳо чуқуртар ҷойгир аст. "Тетис" умедвор будааст, ки газу нафти Балҷувону Восеъ дар умқи 5-7 ҳазор метр ҷойгир аст, аммо пажӯҳишҳои тоза собит кардаанд, ки газу нафти ин минтақа дар жарфнои хеле бештар аз ин пинҳон аст. “Тетис” гуфтааст, бинобар пурхарҷ будани кори истихроҷ дар ин майдон, аз сармоягузории баъдӣ ба ин тарҳ даст мекашад.

XS
SM
MD
LG