Ссылки доступа

Дар Қазоқистон марги як коргари корхонаи оҳангудозиро таҳқиқ мекунанд


Ҷасади як коргар дар корхонаи оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау" пайдо шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии ширкат.

Бино бар иттилои ширкат, ҷасади коргари соли таваллудаш 1982 субҳи 3 январ пайдо шуд. Расонаҳо маҳаллӣ менависанд, ин ҷасад "дар ҳудуди роҳҳои оҳани корхона пайдо гардидааст".

Ширкат дар бораи таъсиси комиссияи вижаи пажуҳиши марги коргар хабар медиҳад.

XS
SM
MD
LG