Ссылки доступа

Дарёфти корти роҳкирои бачагон дар Ишқобод мушкилтар шуд


Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон шикоят доранд, ки дарёфти кортҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр барои хонандагон мушкилтар шудааст.

Як сокини Ишқобод бо номи Сонӣ мегӯяд, барои дарёфти корти нақлиёти ҷамъиятии Ишқобод хонандагон вазифадор шудаанд, ки аз маҳалли таҳсили худ санад пешниҳод кунанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот волидонро аз ҷорӣ шудани ин қоидаи нав пешакӣ огаҳ накардаанд.

Дар мусофиркашҳои пойтахти Туркманистон аз моҳи октябри соли 2017 низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ шуд. Он замон нархи як корт 5 манат ва ҳаққи истифодаи автобус 30 танга муайян гашт. Қурби расмии 1 доллари амрикоӣ 3,5 манат аст.

Баъд аз як моҳ, аз 1 ноябри соли 2017 ҳаққи истифодаи мусофиркашҳои Ишқобод ба ҳисоби миёна, 60% боло рафт. Нархи кортҳо барои нафақахӯрон 1 манат ва барои хонандагон 2 манат муайян шуда, барои донишҷӯён имтиёзе пешбинӣ нашудааст.

Пештар хабар доданд, ки дар назди шуъбаҳои дарёфти кортҳои нақлиёти ҷамъиятии Ишқобод навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад ва сокинон низ мегӯянд, ҳангоми пардохти роҳкиро бо низоми нав ба далели нуқс доштани дастгоҳҳои электронӣ бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG