Ссылки доступа

Қазоқистон ба Тоҷикистону Сурия кумаки башардӯстона мефиристад


Ҳукумати Қазоқистон бо имзои сарвазири ин кишвар Боқидҷон Сагинтаев расман ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Сурия кумаки башардӯстона ҷудо кард.

Ба огаҳии сомонаи расмии Девони вазирони Қазоқистон, барои Тоҷикистон 276 млн 790 ҳазор танга ($834 ҳазор), барои Қирғизистон 200 млн 281 ҳазор танга ($585 ҳазор) ва барои Сурия 185 млн 317 ҳазор танга ($555 ҳазор) ҷудо шудааст.

Ёдрас мешавем, Қирғизистон моҳи ноябри соли гузашта аз 100 миллион доллар кумаки Қазоқистон расман даст кашида, ҳатто созишномаи марбут ба онро бекор кард.

XS
SM
MD
LG