Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон минбаъд танҳо ширкатҳои мобилӣ симкорт мефурӯшанд


Минбаъд дар Тоҷикистон танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯши симкортро доранд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, бо ин роҳ мехоҳад бозори фурӯши симкортҳоро танзим кунад.

Як масъули Хадамоти алоқа 4 январ гуфт, иҷозатномаи ҳамаи дилерон ё миёнаравҳо барои фурӯши симкортҳо бозхонд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди огоҳӣ ва ҷарима кардан, дилерон боз ҳам бо роҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бидуни шиноснома ба муштариён симкорт фурӯхтанд.

“Мо дигар роҳ надоштем, ҳарчанд чандин бор дилерон барои риоя накардани қоидаҳои фурӯши симкорт ҷарима кардем, аммо мушкил ҳал нашуд. Вақте барои пайдо кардани шахсияти соҳиби симкорт мушкил пеш меомад, ширкатҳои мобилӣ худро канор мегирифтанд, ки ин симкортро фалон маркази дилерӣ фурӯхтааст ва масъулияташ бар ӯҳдаи онҳост,”- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Минбаъд танҳо ширкатҳои мобилӣ симкортҳои худро мефурӯшанд ва масъулияташ низ пурра бар зиммаи онҳост.

Дар Тоҷикистон бино ба иттилои ширкатҳои мобилӣ, то 100 маркази дилерӣ фаъолият мекунанд, ки тақрибан 80 дарсади онҳо ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва боқӣ дар шакли ширкатҳо фаъолият мекунанд. Ин дилерон ба навбати худ то 10 ҳазор субдилеронро дар ихтиёр доранд. Субдилер – агент ё намояндаи дилер аст, ки аз роҳи миёнаравӣ тиҷоратро ба роҳ мемонад. Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилӣ, 80 дарсади SIM-корти муштариён маҳз тавассути дилерон ба фурӯш рафтааст.

XS
SM
MD
LG