Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқ Ибодӣ аз эрониҳо хост, эътирозро идома диҳанд


Ширин Эбади

Ҳомии ҳуқуқи эронӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ аз сокинони Эрон даъват кард, ки ба эътирозҳои зиддиҳукуматии худ идома диҳанд. Ӯ мегӯяд, Конститутсияи Эрон ба шаҳрвандон ҳаққи эътироз карданро медиҳад ва онҳо бояд дар кӯчаҳо бимонанд.

Ибодӣ ҳамчунин аз эрониҳо хост, ки барои фишори иқтисодӣ овардан андоз ва ҳаққи хидматрасониҳои коммуналиро насупоранд ва пулҳои худро аз бонкҳои давлатӣ бозпас гирифта, ҳукуматро маҷбур созанд, ки аз хушунат даст бардораду талаби эътирозгаронро иҷро кунад.

"Агар ҳукумат тайи 38 сол шуморо гӯш накард, пас ҳоло замоне фаро расидааст, ки гуфтаҳои онро бояд нодида гирифт", - афзуд вай.

Пештар Ибодӣ дар суҳбат бо нашрияи олмонии Die Welt фасодкориро дар Эрон "фоҷеабор" номида, гуфт, сатҳи бекорӣ дар миёни ҷавонони ин кишвар, ки иштирокдорони асосии эътирозҳоянд, аз ҳад зиёд баланд аст.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон аллакай як ҳафта мешавад, идома доранд. Онҳо дар аввал зери шиорҳои иқтисодӣ оғоз шуда, сипас хусусияти сиёсӣ касб карданд. Мақомоти Эрон нирӯҳои хориҷиро дар таҳрик ва барангехтани эътирозҳо айбдор медонанд.

Дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо кормандони пулис дасти кам 20 нафар кушта шуда, садҳо тани дигар боздошт шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба ин эътирозҳо дар як қатор шаҳрҳои Эрон тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз ҳукумат ҳам баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG