Ссылки доступа

Домоди Назарбоев "тоҷири сол"-и Қазоқистон эълон шуд


Домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раиси шӯрои палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон "Отамакон" Тимур Қулибоевро маҷаллаи Forbes Kazakhstan "тоҷири сол" эълон кард.

Шумораи навбатии маҷалла бо акси Тимур Қулибоев рӯзи 4 январ ба фурӯш баромад.

Тимур Қулибоев ҳамсари духтари миёнаи Назарбоев - Динора аст. Тимур ва Динора тавассути ширкати "АЛМЭКС" Бонки халқии Қазоқистонро идора мекунанд. Қулибоев чандин ширкати дигарро дар ихтиёр дорад.

"Иттиҳодияи Казкоммертсбонк ва Халиқ бонк, тақвияти мақом дар бозори суғурта, комёбиҳо дар бахши ҳавопаймоӣ ва тиҷорати тиббӣ - ҳамаи ин тоҷирро муваффақ кардаанд. Муҳимтарин дастоварди вай дар соли гузашта ин ба роҳ мондани гуфтугӯ миёни "Отамакон" ва ҳукумат аст", - менависад маҷалла. Дар матлаби маҷалла омадааст, ки Қулибоев дар соли 2017 дар рӯйхати "50 тоҷири маъруф" шомил буд ва дар сегонаи "50 тоҷири сарватмандтарин"-и Қазоқистон ҷой гирифт.

Тимур Қулибоев Эътилофи ширкатҳои газу нафт ва ширкати барқи KAZENERGY, инчунин Кумитаи миллии Олимпиро роҳбарӣ мекунад, раиси Федератсияи бокси Қазоқистон аст. Маҷаллаи Forbes-и амрикоӣ дороии ӯро 2,1 миллиард доллар арзёбӣ мекунад. Дар маҷмуъ, Тимур бо ҳамсараш, бино бар баҳогузории маҷалла, бештар аз 4 миллиард доллар сарват доранд.

XS
SM
MD
LG