Ссылки доступа

Кормандони тиббии Ӯзбекистон ҳаҷми захираи поруро муайян мекунанд


Кормандони Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ (МДНСЭ) дар ноҳияи Шурчии Ӯзбекистон вазифадор шудаанд, ки ҳаҷми захираи поруи говро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хонаи сокинон муайян кунанд.

"Чанде пеш ҳамроҳи ду ҳамкорам ба деҳае рафта, муайян кардем, ки сокинони он 20 тонна пору доранд. Вазифаи асосии худро гузошта, ба ҳисобу китоби поруи гов машғулем. Албатта, ин ҳама намоишкорӣ аст. Барои намуна, мо ба деҳае рафта, кишоварзеро мепурсем, ки чӣ қадар захираи пору дорад ва ӯ ҳам мегӯяд, ки ҳамин қадар тонна захира дорад. Мо низ ба гуфтаҳои ӯ бовар карда, арқомро қайд мекунем. Зеро имкони дақиқ кардани гуфтаҳои ӯро надорем", - гуфт як табиби Шурчӣ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кормандони марказ харҷи сафар ба деҳаҳои Шурчиро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд.

"Ба онҷо автобус намеравад. Бинобар ин, маҷбурем барои рафту баргашт таксиеро киро кунем. Дар маркази мо ҳудуди 70 кас кор мекунанд. Раҳбарият аз ҳисоби онҳо даҳ гуруҳи ду-сенафарӣ ташкил кардааст. Соли гузашта ҳам ҳамин вазъ буд", - афзуд яке аз табибон.

Моҳи феврали соли 2017 Мусурмон Эшонқулов, муовини вақти сардухтури МДНСЭ Шурчӣ тасдиқ карда буд, ки кормандони ин ниҳод барои ҷамъоварии пору ба деҳот сафарбар шудаанд.

"Пору ин масъалаи ҷумҳуриявӣ аст. Бо ин роҳ мо ба кишоварзон кумак мерасонем, то захира кунанд. Кормандони мо хона ба хона мегарданд, то вазъи тозагию санитариро назорат кунанд. Онҳо ба сокинон мефаҳмонанд, ки пору ё партовҳоро дар хонаҳо нигаҳ надоранд", - изҳор дошт Эшонқулов.

XS
SM
MD
LG