Ссылки доступа

Тоҷикистон дар феҳристи "Кишварҳои нигарониҳои хос"-и ИМА


Дар гузориши нави вазорати умури хориҷии Амрико вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда гуфта шуда, Тоҷикистон ба феҳристи "кишварҳои махсусан нигаронкунанда" номбар шудааст.

Моҳи апрели соли гузашта Комисияи ИМА дар умури озодиҳои мазҳабии саросари ҷаҳон (USCIRF) Тоҷикистонро "кишвари махсусан нигаронкунанда" шомил карда буд.

Муаллифони гузориш навишта буданд, ки дар Тоҷикистон таъқиби шаҳрвандон аз рӯи нишонаҳои диндорӣ идома дошта, аз ҷумла қонуни дин ҳаққи мусалмонҳоро ба ибодат дар масҷид, манзил ва маконҳои муқаддас маҳдуд мекунад. Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза зидди ифротгароӣ дар масҷидҳо шумори зиёди дурбинҳои назоратиро насб карданд.

Афроди зери синни 35 иҷозат надоранд, ба ҳаҷ раванд, Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон на танҳо таъйини имомхатибон, балки мавъизаҳои онҳоро низ назорат мекунад, омадааст дар гузориш. Пайравони мазҳаби исмоилия имкон доранд, ки танҳо дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе ибодат кунанд.

"Қонун иҷозат намедиҳад, ки дар муассисаҳои таълимӣ занҳо рӯсарӣ банданд, омӯзгорони аз 50-сола поён риш монанд. Соли гузашта кормандони пулис дар саросари кишвар садҳо мардони ришдорро боздошт, изи ангуштонашонро сабт ва маҷбуран ришашонро тарошиданд", - менависанд муаллифони гузориш.

XS
SM
MD
LG