Ссылки доступа

Шӯрои амнияти СММ вазъи Эронро баррасӣ мекунад


Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи изтирории рӯзи ҷумъа вазъи Эронро баррасӣ мекунад. Ин ҷаласа бо дархости ИМА баргузор мешавад. Москва зидди баргузории ҷаласа баромад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков ташаббуси Вашингтонро "зиёновар ва тахрибгар" номид. Ба гуфтаи вай, рӯйдодҳои Эрон кори "дохилӣ"-и он кишвар аст.

Ахиран мақомоти Эрон бо ирсоли як нома ба дабири кулли СММ ва Шӯрои амнияти созмон талаб карданд, ки ИМА маҳкум карда шавад. Эрон ИМА-ро дар вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ ва дахолат ба умури кишварҳои дигар айбдор мекунад. Дар ин нома омадааст, ки президент ва муовини президенти ИМА бо навиштаҳои "пучашон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони Эронро ба кӯчаҳо бароварданд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҳукумати ИМА мегӯянд, эътирозҳои Эрон худҷӯш ва табиӣ буданд ва аз хориҷ ташкил нашудаанд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон аллакай як ҳафта мешавад, идома доранд. Онҳо дар аввал зери шиорҳои иқтисодӣ оғоз шуда, сипас хусусияти сиёсӣ касб карданд. Мақомоти Эрон нирӯҳои хориҷиро дар таҳрик ва барангехтани эътирозҳо айбдор медонанд.

Дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо кормандони пулис дасти кам 20 нафар кушта шуда, садҳо тани дигар боздошт шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба ин эътирозҳо дар як қатор шаҳрҳои Эрон тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз ҳукумат ҳам баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG