Ссылки доступа

Нирӯҳои Асад шаҳри стратегии Синҷорро гирифтанд


Нирӯҳои президенти Сурия Башор Асад шаҳри стратегии Синҷори вилояти Идлибро дар шимолу ғарби ин кишвар тасарруф карданд. Дар ин бора 7 январ Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсони Сурия ва гуруҳи ҷонибдори Асад - Нирӯҳои миллии дифоъ иттилоъ доданд.

Артиши Асад дар натиҷаи тасарруфи шаҳри Синҷор ба фурудгоҳи низомӣ ва роҳи муҳими ҳамлу нақли заминӣ дастрасӣ пайдо кард. Моҳҳои ахир нирӯҳои президенти Сурия мавзеъҳои худро ба таври назаррас густариш додаанд.

Идлиб охирин вилояти Сурия аст, ки тақрибан пурра аз ҷониби мухолифони Асад идора мешавад. Бештари навоҳии вилоят дар дасти гуруҳи "Ҳаёт Таҳрир-уш-Шом", гуруҳи аз нигоҳи идеологӣ наздик ба "ал-Қоида" аст.

6 ва 7 январ дар натиҷаи бомбаборони Гутои Шарқии Сурия дасти кам 18 сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон ҷон бохтанд. Ба камияш 60 тани дигар захмӣ шудаанд. Гутои Шарқӣ ба монанди вилояти Идлиб дар дасти шӯришгарон буда, ҷузъи "минтақаҳои амн" аст. Ҳомиёни ҳуқуқ дар бомбаборони Гутои Шарқӣ нирӯҳои Сурияву Русияро айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG