Ссылки доступа

Дар кони тилои Қирғизистон коргаронро дастаҷамъона ихроҷ карданд


Ширкати "Фулл Голд Майнинг", ки ба истихроҷи тило дар кони Иштамбердии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон машғул аст, 370 кормандеро, ки бо талаботи нави корӣ розӣ набуданд, аз кор ихроҷ кардааст.

Дар ин бора намояндаи иттифоқи касабаи вилояти Ҷалолобод Абдуҷалил Тошматов хабар дод. Ба гуфтаи вай, ширкат маоши кормандонро кам ва бо ин роҳ маҷбур кард, ки онҳо аз кор даст кашанд.

"Ширкати чинӣ пешниҳод кард, ки шартномаҳои меҳнатӣ бо коргарони доимӣ бекор ва дар иваз шартномаҳои муҳлатдор имзо шавад. Дар шартномаҳои нав музди меҳнат 30 дарсад кам нишон дода ва бархе аз шартҳо низ сангин шуда буданд. Дар натиҷа коргарон аз фаъолият монданд. Агар коргарон шартномаҳои навро имзо намекарданд, онҳо аз кор озодшуда ҳисоб мешуданд", - гуфт Абдуҷалил Тошматов.

Ширкати мазкур бо таҳияи шартномаҳои нав Кодекси меҳнати Қирғизистонро поймол мекунад. Иттифоқи касаба тасмим дорад, ба Кумитаи саноат, энержӣ ва захираҳои табиии Қирғизистон шикоят барад.

Гун Тзегуан, мудири кулли ширкат дар номааш ба иттифоқи касаба навиштааст, ки "бо назардошти вазъи моддӣ" ширкат наметавонад "шартномаҳои коргаронро тамдид кунад".

Дар ин ширкат наздики 600 нафар кор мекунанд. 370 нафар аз кор ихроҷ ва наздики 200 тани дигар ба рухсатии иҷборӣ рафтаанд. Маоши миёнаи онҳо тақрибан 300 долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG