Ссылки доступа

Президенти Ӯзбекистон гуфт, бо Тоҷикистон дӯст мешавем (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Вайбер дубора фаъол шуд. Сокинон: "Вақте паёмрасон нест...". Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасӣ ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома қисман масдуд шуда, танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас. Аммо мардум бе Вайбер ва паёмрасонҳои дигар чӣ кор хоҳанд кард? ​(видео)

- Дилшод Раҳимӣ: "Баъзе бозиҳои тоҷикӣ мемиранд". Бо ҳадафи ҳифз ва муаррифии суннат ва анъанаҳои мардуми тоҷик китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” нашр шуд. Муаллифи китоб Дилшод Раҳимӣ - фолклоршинос аз зарурати нашри ин китоб ва шеваи ҳифзи суннати фарҳанги мардуми тоҷик суҳбат кард (видео)

- Мирзиёев гуфт, бо Тоҷикистон дӯст мешавем. Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон гуфт, ки аз ин баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хубе зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад (видео)

- Сокинони Душанбе аз лафзи бади ҷавонон ба дод омадаанд. Фарҳангиён дар Душанбе мегӯянд, ки рафтори ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон бад шудааст ва лафзу муомилаи бад ба як расми маъмулӣ табдил ёфтааст (видео)

- Духтарони репсарои тоҷик: мубориза бо хурофот ва қолабшиканӣ. Бо он ки ҷомеаи суннатии Тоҷикистон рэпсароиро барои духтарон чандон “зебанда” намедонад, талошҳо аз сӯи намояндагони ин ҷинс барои расонидани паёми худ дар риштаи рэп чашмрас аст. Албатта, ба тафовут аз писарон, духтарони рэпсаро кӯшиш мекунанд рӯи саҳна набошанд ва исми аслиашон муаррифӣ нашавад (видео)

- Агар ронандаи мастро дидед, ба мақомот хабар медиҳед? Дар як пурсиши сарироҳӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсиданд, ки агар сари чанбари нақлиёти мусофиркаш ронандаи мастро диданд, ба мақомот хабар хоҳанд дод? (видео)

- Бархӯрди ду ҳавопаймо дар фурудгоҳи Торонтои Канада. (видео)

- Дар Кобул маргталаб 11 касро ба ҳалокат расонд. (видео)

- Эътирозҳои ҷадиди зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон. Навори мардумӣ аз 5-уми январи 2018. (видео)

- "Ба хотири оянда омадем". Помириҳо бо ҳолу ҳавои Норин одат мекунанд. (видео)

- Дар Исландия ба таври қонунӣ барои зану мард барои иҷрои як вазифа каму зиёд пардохтани маош манъ шуд (видео аз Директ)​

- Тақдири "ҷавонтарин гурезаи шӯравӣ" аз Украина. Солҳои 80-уми асри гузашта саргузашти Владимир Половчакро тамоми расонаҳои маъруфи Амрико нашр карданд. Навраси 12-солаи шӯравӣ бар хилофи дархости волидонаш аз бозгашт ба СССР худдорӣ кард. Мақомоти Амрико аз ӯ ҷонибдорӣ карда, расонаҳо вайро "ҷавонтарин гурезаи шӯравӣ" номиданд. Иттиҳоди Шӯравӣ Вашингтонро айбдор кард, ки писарбачаро дар "асорат" нигаҳ медорад. (видео)

- Саакашвилиро дар Гурҷистон барои "сӯистифода аз мақоми давлатӣ" 3 сол зиндонӣ карданд (видеои Настоящее время)​

- Дар Исроил аз поруи мурғ сӯзишворӣ истеҳсол мекунанд. Монанди ангишт месӯзад. (видеои Настоящее время)

- Дар Калифорния акнун нашъаро мешавад бе дорухати духтурон харидорӣ кард (видеои Настоящее время)​

- Гардиши автобус дар масири Чимкент - Тошканд (видео)​

- Тарафи дигари комёбӣ. Осорхонаи нокомиҳо дар Лос-Анҷелес кушода шуд (видеои Настоящее время)​

- "Ба самъи ҳама бояд расонд". Дар Ситоди Алексей Навалний дар Петербург ба корпартоии интихобкунандагон омодагӣ мебинанд ва ихтиёриён бо ҷонибдорон тамос гирифта, онҳоро даъват доранд, ки дар интихобот ба ҳайси нозир иштирок кунанд. (видео аз Директ)

- "Вақте субҳ бо садои хурус бедор мешавед, ҷолиб аст": сокинони шаҳри Тифлис ба деҳа мекӯчанд (видео аз Директ)​

- "Кормандони пулис бархе аз тоҷиронро ба бозор роҳ намедиҳанд"​. (видео аз Ӯзбекистон)

- Масеҳиҳои православ Мавлуди Исоро таҷлил мекунанд (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG