Ссылки доступа

Тоҷирони Туркманистон аз тақсими замин барои сохтмони мағозаҳо норозӣ ҳастанд


Мақомоти шаҳри Туркманбошии Туркманистон тасмим доранд, барои сохтмони мағоза ва марказҳои тиҷоратӣ ба тоҷирон қитъаи замин ҷудо кунанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти давлатӣ шева ва тартиби тақсими заминҳоро ошкор намекунанд, тоҷирони маҳаллӣ аз ин тасмим изҳори норизоӣ мекунанд.

Ба гуфтаи як тоҷир аз вилояти Балкани Туркманистон, дар ҳоли ҳозир феҳристи тоҷироне тартиб дода мешавад, ки бояд соҳиби қитъаи замин гарданд. Аммо мақомоти шаҳри Туркманбошӣ аризаи тоҷирони маҳаллиро барои соҳиб шудан ба қитъаи замин намепазиранд.

"Ба онҳо посух медиҳанд, ки шумо узви Созмони соҳибкорон ва ходимони саноат нестед ва ба ин далел ҳаққи гирифтани қитъаи заминро надоред", - мегӯяд соҳибкор аз вилояти Балкан.

Созмони соҳибкорон ва ходимони саноат, ки соли 2008 дар Туркманистон таъсис шуд, мақоми созмони иҷтимоиро доро аст, аммо аз имкониятҳои давлатӣ истифода мебарад ва фаъолияти соҳибкоронро ба танзим медарорад.

Бар асоси нақшаи давлатӣ, барои ҳар соҳибкор то 200 метри мураббаъ қитъаи замин қудо карда мешавад. Мағозаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Туркманбошӣ дар ивази мағозаҳое бунёд мешаванд, ки давоми чанд соли охир тахриб шуда буданд.

XS
SM
MD
LG