Ссылки доступа

Ӯзбекистон ҳаҷҷи такрорӣ ва умраро маҳдуд кард


Мақомоти Ӯзбекистон зиёрати дувумбораи Хонаи Худоро барои сокинони худ маҳдуд ва талаботи нави интихоби зоирони ояндаро муайян карданд. Дар қарори Девони вазирони ин кишвар, ки 6 январ нашр шуд, омадааст, "минбаъд шахсоне дар маросими ҳаҷ иштирок мекунанд, ки қаблан Хонаи Худоро зиёрат накардаанд".

Ҳамчунин ҳаҷҷи умра барои шаҳрвандоне мумкин хоҳад буд, ки тайи ду соли охир онро анҷом надодаанд ё бори охир 5 сол пеш ҳаҷ кардаанд.

Дар шарҳи қарор гуфта шудааст, аз ин ба баъд зоирони ояндаи ӯзбекро гуруҳи махсуси корие интихоб хоҳад кард, ки ба ҳайати он имом-хатиби ноҳия, имому раиси маҳалла ва мушовир оид ба таҳсилоти динӣ ва маънавӣ шомиланд.

Ибтидои моҳи декабри соли гузашта Идораи мусулмонони Ӯзбекистон низ талаботи иштирок дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Бар пояи фатвои нави ин ниҳод, минбаъд шаҳрвандоне ба зиёрати Хонаи Худо сафарбар хоҳанд шуд, ки "дар маҳаллаҳои худ маъруфу намуна ҳастанд".

Ӯзбекистон, ки дорои 32 миллион аҳолӣ аст, ҳақ дорад, ҳамасола дасти кам 20 ҳазор сокини худро барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ фиристад.

XS
SM
MD
LG