Ссылки доступа

Ширкати тилои Қирғизистон эътироф кард: агар талафотро кам накунад, муфлис мешавад


Чи Шуан Тан, ноиб-президенти ширкати "Фулл Голд Майнинг", ки дар кони Иштамбердии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба истихроҷӣ тило машғул аст, ихроҷи дастаҷамъии коргарони конро шарҳ дод.

"Нодуруст аст, ки мо аз тамдиди шартномаҳои меҳнатӣ худдорӣ варзида бошем. Мо гуфтугӯ кардем. Муҳлати шартномаҳо 31 декабри соли 2017 ба охир расиданд. Дар шартномаҳои нав бархе аз бандҳо тағйир ёфтанд ва дар мавриди бархеаш мо ба созиш нарасидем, аммо гуфтугӯҳо идома доранд. Ширкати мо аз замони шуруъи фаъолият ба нокомӣ мувоҷеҳ аст. Мо ба ин кон 200 миллион доллар сармоягузорӣ кардем ва аз ибтидои фаъолият танҳо 958 млн сом (ҳудуди 100 миллион сомонӣ) барои маош сарф шудааст. Пардохти маош барои мо душвор аст. Ба ҳамин хотир, тасмим гирифтем, ки шартномаро каме тағйир диҳем. Ба хотири муфлис нашудан, мо чунин тасмим гирифтаем", - гуфт ноиб-президенти ширкат.

Ба гуфтаи вай, ширкат пардохт барои таҷрибаи кориро қатъ ва харҷҳо барои ғизоро кам кард.

Роҳбарияти ширкат мегӯяд, "ҳамчунин 30 дарсади кормандони кон аз ҳисоби чиниҳо кам шуд".

Раиси кумитаи саноати Қирғизистон Улан Рисқулов мегӯяд, "ширкат иҷозатномаи фаъолиятро дар кон барои 20 сол соҳиб шудааст ва ба ин далел мебоист бо коргаронаш шартномаҳои бемуҳлат бандад".

Рӯзи 5 январ ширкати "Фулл Голд Майнинг" 370 коргарашро ихроҷ кард, ки бо шартҳои нави меҳнатӣ розӣ набуданд. Бино бар бархе иттилоъ, дар ширкати мазкур наздики 600 нафар кор мекунанд. Дар сурати ихроҷи 370 нафар, эҳтимол ҳудуди 200 тани дигар ба рухсатии иҷборӣ баромадаанд.

XS
SM
MD
LG