Ссылки доступа

Мирзиёев: дар Душанбе созишномаҳои бузурге имзо хоҳанд шуд


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 январ дар мулоқот бо вакилони вилояти Тошканд гуфт, барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад ва қарор аст, дар ҷараёни он созишномаҳои бузурге байни ду кишвар ба имзо бирасанд.

“Сарвазири кишвар Абдулло Орипов, Худо хоҳад, барои омодагӣ ба ин сафар ба Тоҷикистон меравад” – гуфт, ӯ.

Шавкат Мирзиёев нагуфт, ки ин сафари ӯ кай анҷом хоҳад шуд. Вале пештар мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, президенти Ӯзбекистон ибтидои соли 2018 ба Тоҷикистон биояд.

Мирзиёев тақрибан як дақиқа дар бораи муносибатҳо бо Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, ҳамкориҳо байни ду тарафро густариш хоҳад дод. “Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем”.

Президенти Ӯзбекистон бори дигар изҳор дошт, ки кишвараш муносибатҳои худро бо ҳамсояҳо беҳтар хоҳад кард. “Мо ҳама мемирем, вале ҳеҷ кас ҳамсояи бадро намебахшад. Мо муносибат бо тамоми ҳамсояҳоро хуб мекунем. Албатта, барои ин вақт лозим аст, чун об кардани яхи 20-сола осон нест”, – гуфтааст Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG