Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "Фулл Голд Майнинг" ва кормандонаш ба созиш расиданд


Иттифоқи касабаи металлургии Қирғизистон бо раҳбарияти ширкати «Фулл Голд Майнинг» дар ин кишвар, ки ахиран беш аз 350 корманди худро ихроҷ кард, роҷеъ ба тамоми масоил ба созиш расиданд. Ба огаҳии Кумитаи саноат ва энергетикаи Қирғизистон, ҳоло раванди тартиби қарордоди коллективӣ оғоз шудааст.

Пештар Чи Шуан Тан, муовини президенти ширкати "Фулл Голд Майнинг", ки дар кони Иштамбердии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба истихроҷӣ тило машғул аст, ихроҷи дастаҷамъии коргарони конро шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати нави муассисони "Фулл Голд Майнинг" пешниҳод кардаанд, ки барои ҳалли мушкили молии ширкат фонди пардохти маоши кормандон ва харҷҳо барои ғизои онҳо кам карда шавад.

Вале раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи Қирғизистон Элдар Тоҷибоев ба ин пешниҳод норозигӣ баён карда, гуфт, кормандон аллакай розӣ шудаанд, ки то замони фоида ба даст овардани "Фулл Голд Майнинг" як қисми маошашон кам карда шавад.

Раиси Кумитаи саноат ва энергетикаи Қирғизистон Улан Рисқулов мегӯяд, раҳбарияти ширкати "Фулл Голд Майнинг" бояд дар доираи қонунгузории Қирғизистон амал намояд ва Кодекси меҳнати ин кишвар низ бадтар кардани шароити кори кормандонро манъ мекунад.

Муовини президенти ширкати "Фулл Голд Майнинг" ба гуфтаҳои раиси кумита розӣ шуда, боваркунонидааст, ки фаъолияти ширкатро ба ҳамаи талаботҳои қонунгузории Қирғизистон мутобиқ хоҳад кард.

5 январ маълум гашт, ки ширкати "Фулл Голд Майнинг" 370 корманди худро, ки бо шароити нави корӣ розӣ нашуданд, ихроҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG