Ссылки доступа

Душанбе ба таҳқиқоти OCCRP дар бораи дороиҳои Ҳукумов вокуниш накард


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, бо ин ки аз матлаби интиқодӣ дар ҳаққи Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз матбуот огаҳӣ ёфтаанд, вале ҳеҷ иқдоме дар ин замина гирифта нашудааст.

Дар як гузориши таҳқиқотии созмони OCCRP - Барномаи таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳоии созмонёфта, ки рӯзи 4 январ нашр шуд, гуфта мешавад, ки хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов) дар Ҷумҳурии Чех ва шаҳри Маскав ба маблағи 10,6 миллион доллар хонаву сохтмони маъмурӣ харидааст. Ҳамсари ӯ Амина Мусоева, ки аксар дороиҳо дар шаҳрҳои Карлови Варию Марианске Лазне ба номи ӯ сабт шудаанд, маводи ин гузоришро бепояву асос хонд.

Бо гузашти чор рӯз аз нашри гузориш дар бораи дороиҳои Амонуллои Ҳукуматулло дар хориҷи Тоҷикистон, ҳеҷ як сохтори давлатию интизомии кишвар ба ин матлаб вокуниш накардааст.

Фирдавс Раҳимзод, як масъули Додситони кулл гуфт, дар бораи таҳқиқоти анҷомшуда огоҳ мебошад, вале дар ин замина ҳеҷ санҷиш ё иқдоми дигаре ба роҳ монда нашудааст. Фирдавс Раҳимзод гуфт: “Вобаста ба ин агар расман муроҷиат шавад, баъд мумкин инро мебинанд. Мо ҳам дар сомонаҳо дидему намедонам, ки то кадом андоза дуруст аст ё не. Агар санҷиш гузаронда мешуд, ба мо маълумот медоданд ва онро расман нашр мекардем,” - афзуд Фирдавс Раҳимзод.

Масъулини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки ба иддаои OCCRP Амонуллои Ҳукуматулло соли 2012, замони раҳбариаш дар ин идора амволашро дар хориҷа харидааст, мегӯянд, онҳо низ дар ин бора посухе надоранд. Як масъули ин ниҳод гуфт, “амволи Амонуллои Ҳукуматулло дар ихтиёри худаш аст ва ба онҳо дахл надорад”. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “агар собиқ сардори мо (Амонуллои Ҳукуматулло) ягон тепловоз ё вагонро дуздида мебурд, баъд мо мегуфтем, ки хуб нашудааст. Аммо ҳозир дар ким-кадом давлат бо сармояи манбааш номаълум амвол харидаанд, идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Шумо чӣ посух дода метавонад?”

Дар таҳқиқоти муфассали ин созмон гуфта мешавад, ки гӯё ин хонавода барои харидани манзилу сохтмонҳои боҳашамат шурӯъ аз соли 2012 беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст. Ба навиштаи муаллифон, ду хонае, ки дар осоишгоҳи Марианске Лазне соли 2012 бо арзиши 500 ҳазор ва 1,1 миллион доллар харидорӣ шудаанд, низ ба ҳамин хонавода тааллуқ дорад. Арзиши чор сохтмон дар Карлови Вари аз 200 ҳазор то 5 миллион доллар баровард шуда гаронтарини онҳо як сохтмони маъмурӣ мебошад.

Амонулло Ҳукуматулло аз солҳои 1990 дар сохторҳои мухталифи ҳукуматӣ кор карда, то соли 2002 узви порлумон ва раиси ширкати “Нафтрасон” буд. Марҳилаи кори ӯ дар “Роҳи Оҳан” 12 сол (аз 2002 то 2014)-ро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG