Ссылки доступа

Дипломатҳои афғон аз "Тоҷиксодиротбонк" пулҳояшонро талаб доранд


Чаҳор дипломати афғон мегӯянд, ду сол аст наметавонанд ҳудуди 300 ҳазор доллар пасандози худро аз "Тоҷиксодиротбонк" бозпас гиранд. Ин маблағро онҳо замоне дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта буданд, ки дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон кор мекарданд.

“Тоҷикисодиротбонк” яке аз бонкҳои бузурги кишвар аст, ки соли 2015 пардохтпазирии худро аз даст дода ва ҳоло наметавонад амонати садҳо муштарияшро баргардонад.

Азизи Бориз, корманди пешини сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, се ҳамкори дигараш иҷоза доданд аз номи онҳо бо матбуот суҳбат кунад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо пулеро, ки ду сол боз “Тоҷиксодиротбонк” барнамегардонад, аз соли 2008 пасандоз кардаанд.

“Қарор ин буд, ки ҳар вақте хостем, пуламон пас дода мешавад. Ду сол боз танҳо ба мо ваъдаи “имрӯзу фардо” медиҳанд, аммо ҳеҷ моил нестанд, ки пул пардохт шавад,” - гуфт ӯ.

Дипломатҳои афғон мегӯянд, пуле, ки дар бонки Тоҷикистон нигоҳ медоштанд, аз ҳисоби фурӯши манзили зисташон дар ватан ва маошашон пасандоз кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз дипломатҳои кишварҳои дигари хориҷӣ низ бо ин мушкил рӯбарӯ шуданд, вале “Тоҷиксодиротбонк” пули онҳоро баргардондааст.

Азизи Бориз мегӯяд, ҳоло тасмим доранд, “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба додгоҳ бикашанд, чун тамоми муҳлати ваъдаи бозпас додани амонатҳо ба охир расидааст.

Масъулони “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, пасандози дипломатҳои афғонро бо сабаби пардохтнопазир шудани бонк наметавонанд баргардонанд. Яке аз масъулони бонк, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, ба дипломатҳои афғон пешниҳод шуд, ки мисли дигар муштариёни бонк пулашонро қисм ба қисм бигиранд, вале онҳо розӣ нашуданд.

XS
SM
MD
LG