Ссылки доступа

Вакили порлумони Қирғизистонро аз бемористон иҷборан ба додгоҳ меоранд


Аида Салянова, вакили порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи "Ота Макон" бо дарди қалб дар бемористон бистарӣ шуд. Дар ин бора вакили дифои вай Чинора Якуббекова хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Якуббекова, нафари таҳти ҳимояти ӯро дар бемористони вилояти Чуй ташхис карданд ва ҳамакнун ҳамон ҷо табобат мекунанд.

Имрӯз мебоист дар додгоҳи шаҳрии Бишкек муҳокимаи парвандаи Аида Салянова идома кунад. Пештар ҷониби ҳимояи Салянова дар робита ба вазъи сиҳатии вай дархост карданд, ки ҷаласаи додгоҳ ба вақти дигар гузошта шавад. Аммо судя ба бемории Салянова шубҳа карда, талаб дорад, айбдоршаванда нимаи дувуми имрӯз - 9 январ иҷборан ба додгоҳ ҳозир карда шавад.

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек 10 октябр Аида Саляноваро дар "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" айбдор ва бо мусодираи амвол 5 сол зиндонӣ кард. Аммо иҷрои ҷазо то ба синни 14 расидани фарзанди ноболиғи Салянова ба таъхир гузошта шуд.

Вакили порлумон бо он айбдор мешавад, ки дар замони вазири адлия буданаш дар соли 2010 иҷозатномаи фаъолияти адвокатии дӯсти писари президенти пешини Қирғизистонро ғайриқонунӣ тамдид кардааст. Додситони кулл мегӯяд, айби Салянова бо далелҳои исбот шуд. Аммо вакили порлумон айбномаро сиёсӣ ва худро бегуноҳ медонад.

XS
SM
MD
LG