Ссылки доступа

Димишқ: Се зарбаи Исроил ба ҳудуди Сурия


Исроил субҳи рӯзи сешанбе бо истифода аз ҳавопаймоҳо ва мушакҳои заминӣ ба ҳудуди Сурия се зарба зад. Дар ин бора намояндагони артиши Сурия хабар доданд.

Ҷониби Сурия тасдиқ мекунад, ки ҳавопаймоҳои Исрол минтақаи Ал-Кутайфаи наздикии Димишқро аз фазои Ливан мушакборон карданд ва низоми зиддимушакии Сурия ба яке аз ҳавопаймоҳо зарба задааст.

Баъдан ҷониби Исроил аз баландиҳои Голани ғасбшуда бо мушакҳои заминӣ ҳамла кард, аммо низоми мудофиаи Сурия ин ҳамлаҳоро рад кард, хабар медиҳад артиши Сурия.

Вазорати мудофиаи Исроил изҳороти Сурияро шарҳ намедиҳад. Сарфи назар аз он ки сардори нерӯҳои ҳавоии Исроил моҳи август гуфта буд, ҳавопаймоҳои исроилӣ тақрибан ба Сурия 100 маротиба зарба задаанд, аммо сиёсатмадорони Исроил чунин амалиётро на тасдиқ мекунанд ва на рад.

Исроил мегӯяд, иҷозат намедиҳад, ки ҳудуди Сурия барои ташкили пойгоҳи низомии Эрон ва ё ирсоли силоҳ ба гуруҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон истифода шавад.

XS
SM
MD
LG