Ссылки доступа

Хатча ба ситоди Ксения Собчак: "Куш. Хӯр. Такрор кун"


Ксения Собчак
Ксения Собчак

Масъулони ситоди шореҳи телевизион ва номзад ба мақоми президентии Русия Ксения Собчак дар шаҳри Петербург кормандони пулисро даъват карда, гуфтаанд, як марди ношинос ба онҳо хатчаеро бо навиштаи "Куш. Хӯр. Такрор кун" овардааст.

Ҳамоҳангсози ситод Николай Артеменко дар суҳбат бо нашрияи "Новая газета" гуфт, дар халта ҳамроҳи хатча китобҳои Пелевин ва Кастанеда низ буданд. Он мард ҳамчунин иқрор кардааст, ки дар девор навиштаи зиддияҳудӣ наққошӣ кардааст.

Маъмурони пулис гуфтаанд, ки наметавонанд ин ҳодисаро ҳамчун таҳдид ба ҷон ва амнияти кормандони ситод баҳо диҳанд.

Ксения Собчак охирҳои моҳи декабри соли 2017 расман номзадии худро ба мақоми президентии Русия дар интихоботи моҳи март пешниҳод кард. Вай худро номзади "зидди ҳама" меномад. Расонаҳо мегӯянд, эҳтимол дорад, пешбарии номзадии ӯ кори маъмурияти президенти кунунии Русия бошад. Аммо худи Собчак робита бо Кремлро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG