Ссылки доступа

Чорводорони Фарғона дар Қароқалпоқистон иҷборан чорвопарварӣ мекунанд


Раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев раҳбарони 100 хоҷагии чорвопарвариро иҷборан ба Қароқалпоқистон мефиристад. Гуруҳи аввали чорводорон 5 январ сафарбар шуда, онҳоро вазифадор кардаанд, ки дар Қароқалпоқистон чорвопарвариро ба роҳ монанд.

"Раиси вилоят гуфт, ҳар як чорвопарвари Фарғона дар Қароқалпоқистон 100 ҳектарӣ замин гирифта, бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул хоҳад шуд. Ҳамзамон фаъолияти хоҷагиҳои онҳо низ бояд дар Фарғона идома ёбад. Ба гуфтаи ӯ, дар Қароқалпоқистон барои чорвопарварони Фарғона 10 ҳазор ва барои андиҷониҳо 5 ҳазор ҳектар замин ҷудо шудааст", - гуфт як чорводори Фарғона.

Яке аз масъулони маъмурияти ноҳияи Олтиариқи Фарғона ин хабарро тасдиқ кард. "Раҳбарияти вилоят гуфт, дар Қароқалпоқистон барои рушди соҳаи чорводорӣ имкониятҳои зиёде аст. Вале дар бораи он ки чорвопарварӣ дар ин минтақа чи гуна рушд мекунад, ғизои чорво ва худи ҳайвонҳоро аз куҷо мо меорем, касе чизе намегӯяд. Мегӯянд, вазъро дар ҳамонҷо хоҳем омӯхт", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як манбаъ дар ҳукумати вилояти Фарғона гуфт, ба чорводорони вилоят ваъда додаанд, ки барояшон бо фоизи кам қарз хоҳанд дод. Як чорвопарвари ноҳияи Фурқати Фарғона Очил Бегматов сафарбар кардани чорводоронро ба Қароқалпоқистон кори нодуруст меномад.

"Қисми зиёди Қароқалпоқистон дашту биёбон аст. Тавре президент гуфт, дар онҷо гиёҳи ширинбия бисёр хуб мерӯяд, вале чорво бо хӯрдани он вазн намегирад. Барои рушди чорвопарварӣ дар он минтақа дасти кам 10 сол лозим аст", - изҳор дошт Бегматов.

XS
SM
MD
LG