Ссылки доступа

Назарбоев гуфт, Қазоқистон бояд ба кишварҳои 30-гонаи пешрафта шомил шавад


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 9 январ тариқи телевизион барои соли 2018 ва солҳои баъдӣ паёми иқтисодӣ фиристод.

Дар ин паём Нзарбоев "даҳҳо ҳадаф"-ро зикр кард, ки барои шомил шудан ба кишварҳои 30-гонаи пешрафтаи дуён бояд анҷом дода шаванд. Вай гуфт, барои шомил шудан ба кишварҳои 30-гона бояд мубориза бо фасодкорӣ пурзур шавад, саноат соҳиби технологияи нав гардад ва сифати сармояи инсонӣ беҳ шавад.

Ба ҷуз ин, Назарбоев болоравии ҳаҷми нафақа ва музди меҳнати омӯзгоронро эълон кард.

Дар суханрониаш вай аз раисии Қазоқистон дар Шӯрои амнияти СММ ва масъалаи "ҳабс"-и дороиҳои Фонди миллии кишвараш ёдовар нашуд.

XS
SM
MD
LG