Ссылки доступа

Ишқобод: дар сохтмони "Асри нав" шароити корӣ бад шудааст


Мақомот ва расонаҳои Туркманистон аз сохтмони ширкати бузург "барои рушду шукуфоӣ"-и кишвар хабар медиҳанд. Барои сохтмони ин ширкат, бино бар иттилои расмӣ 43 миллион доллар ҷудо шудааст.

Аммо шароити корӣ дар ин сохтмон хеле бад аст. Як коргари сохтмони мазкур дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, шароити корӣ якбора бад шуд.

"Мо дар шимолу ғарби Ишқобод маҷмааи истиқоматии "Асри нав"-ро месозем. Мо гӯё мисли ғулом кор мекунем. Ба мо ғизои нисфирӯзӣ намедиҳанд. Ҳамчунин музди меҳнат низ қатъ шудааст. Фақат ваъдааст, ки барои кори анҷомшуда пардохт хоҳанд кард", - гуфт як коргари ширкати мазкур.

Ба гуфтаи вай, ҳаҷми маош дар як соли охир се маротиба кам шуд, аммо бисёриҳо маҷбуранд дар ин шароит кор кунанд.

XS
SM
MD
LG