Ссылки доступа

Пулиси Душанбе таҷаммӯи хоҳишмандони кӯчидан ба Русияро пароканда кард


Дар пайи бетартибиҳо дар навбати сабтиноми хосторони ширкат дар барномаи давлатии “Муҳоҷирати ҳамватанон ба Русия” дар пушти дари намояндагии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия дар пойтахти Тоҷикистон мақомоти ин хадамот пулисро барои барқарории тартибу интизом ҷалб кард.

Дар атрофи бинои намояндагӣ бархе аз алоқамандони муҳоҷират ба Русия ҳамчунон ба умеди сабти ном шудан дар рӯйхати довталабон гаштугузор доштанд. Ба гуфтаи онҳо, шаби 8 ба 9 январ ҳудуди 2,5 ҳазор хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия дар назди ин намояндагӣ таҷаммӯъ карданд ва рӯзона дар навбат бетартибиҳо сар зад. Аз ҷумла, шишаҳои таблоҳои иттилоотии ин намояндагӣ шикаставу сокинони биноҳои атроф аз садоҳои баланди муроҷиаткунандаҳо бедорхобӣ доштаанд.

Рӯзи 9-уми январ дар як тамоси телефонӣ Галина Александрова, ки худро котиби кордори дафтари намояндагӣ муаррифӣ кард, гуфт, дар пайи бетартибиҳо онҳо водор шуданд, нерӯҳои пулисро даъват кунанд. Вай афзуд: “Бо дастури мақомоти пулиси Душанбе ҳамакнун хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия метавонанд танҳо тавассути телефони намояндагӣ дар Тоҷикистон худро барои шомил шудан ба феҳрасти алоқамандони кӯчидан ба Русия сабти ном кунанд. Мо дигар онҳоро ҳузурӣ қабул намекунем”.

Зимнан, барномаи кӯч додани ҳамватанони Русия аз соли 2006 мавриди иҷро даромада, соли 2016 аз Тоҷикистон 1830 хонавода барои зиндагии доимӣ озими минтақаҳои мухталифи Русия шудаанд. Мақомоти Русия ба ин афрод кӯмакҳои молӣ карда, барои чунин довталабон ҷойи кор ва зист фароҳам мекунанд. Маблағи кӯмакпулиҳои давлати Русия аз минтақаи дурдаст будани интихобкардаи довталабон вобастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG