Ссылки доступа

Қазоқистон роҳи шириниҳои Қирғизистонро дубора боз кард


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тамоми маҳдудиятҳо дар робита ба воридот ва фурӯши маҳсулоти қаннодии Қирғизистонро бекор карданд.

Ба огаҳии Кумитаи ҳифзи саломатии аҳолии Қазоқистон, ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки Вазорати тандурустии Қирғизистон роҷеъ ба фаъолияти ширкатҳои қаннодии он кишвар як қатор чораҳои санитарӣ андешида, назорати кори онҳоро пурзӯр кард.

Кумита мегӯяд, бо мақсади пешгирӣ аз воридот ва фурӯши моли ношоям назорат ва таҳлили бехатарии маҳсулоти мазкурро идома хоҳад дод. "Ин чораҳо дар доираи назорати шадиди озмоишие андешида мешаванд, ки бо қарори дахлдори шӯрои иқтисодии Авруосиё роҳандозӣ шуд", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Раиси кумита Жандарбек Бекшин моҳи ноябр хабар дод, ки воридоти маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва қаннодии Қирғизистонро ба ин кишвар манъ карданд. Дар пайи ин, ба далели нақзи баъзе аз талаботи техникӣ воридоти маҳсулоти ғизоии чанд ширкати қирғизӣ низ манъ шуд.

XS
SM
MD
LG