Ссылки доступа

Мансабдори қирғиз баъди нашри видеои хобиданаш дар коргоҳ ронда шуд


Раиси Идораи давлатии омори ноҳияи Навкати Қирғизистон Расулбек Ташов, ки ахиран видеои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва хоб рафтанаш дар утоқи корӣ расонаӣ гашт, аз кор ихроҷ шуд.

Кумитаи давлатии омори Қирғизистон мегӯяд, Ташов дар натиҷаи як тафтиши хидматӣ бар пояи чанд банд, аз ҷумла "дар ҳолати мастӣ ба маҳаллӣ кор ҳозир шудан" барканор гаштааст. Ҳамчунин муовини раиси Идораи омори Навкат Шайирбек Ориповро ҳам барои "иҷрои нодурусти вазифаи хидматии худ" аз кор ихроҷ кардаанд.

9 январ дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, дар утоқи кории Ташов ду нафар хобанд ва рӯи миз шишаҳои холии арақ ва обмева истодааст. Як қатор расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки шахси дувум сардори пулиси Навкат ҳаст. Вале масъулони хадамоти матбуотии пулиси Ӯш ин хабарро рад карданд.

Худи Ташов гуфт, ин наворро душманонаш ба хотири сиёҳ кардани ӯ як рӯз пас аз интихоботи президентии Қирғизистон - 16 октябри соли 2017 бардоштаанд.

"Он рӯз ман обмева нӯшидам. Душманони ман дар он доруи хоб партофта будаанд. Навор барои сиёҳ кардани ман гирифта шудааст. Ман нӯшокии спиртӣ наменӯшам ва шахсе, ки дар навор дар канори ман аст, на корманди пулис, балки як сокини оддӣ аст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG