Ссылки доступа

Мирзиёев дастур дод, Интернет босуръат ва арзон шавад


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар як ҷаласа ба мақомоти марбутаи кишвараш дастур дод, ки Интернетро арзон ва босуръаттар кунанд.

Дар ин ҷаласа сарвазири Ӯзбекистон, муовинонаш, роҳбарони вазоратҳо ва ниҳодҳои марбута ширкат доштанд.

"Ба ман хабар расид, ки дар кишвари мо 20 миллион одам аз Интернет истифода мебарад. Аммо ба далели маҳдуд будани хизматрасониҳо дар ширкатҳои миллии интернетӣ аксари сокинон танҳо ба муколама дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" машғул ҳастанд", - гуфтааст Мирзиёев.

Дар ҷаласаи мазкур гуфта шудааст, ки дар кишварҳои ИДМ суръати миёнаи интернет нисбати Ӯзбекистон 10 баробар болотар аст.

Мирзиёев ба масъулони ҳукуматаш дастур дод, ки арзиши Интернет кам, суръат ҳадди ақал 4 баробар баланд ва то соли 2020 ба сатҳи кишварҳои ИДМ расонида шавад.

XS
SM
MD
LG