Ссылки доступа

Дар Москва ситоди интихоботии Владимир Путин таъсис ёфт


Дар шаҳри Москва, пойтахти Русия ситоди интихоботии Владимир Путин, ки барои даври чаҳоруми президентӣ номзадии худро пешниҳод кардааст, таъсис ёфт.

Ҳамраиси ситод мудири Маркази кӯдакони "Сириус" Елена Шмелова, мудири кулли "Камаз" Сергей Когогин, мудири Маркази саратони кӯдакона Александр Румянтсев интихоб ва сухангӯи он рӯзноманигор, муаллифи филми "Қрим. Роҳ ба сӯи ватан" Андрей Кондрашов таъйин шудаанд.

Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе аз ситоди худ боздид ва бо ихтиёриён мулоқот кард.

Ҷамъоварии имзоро ба ҷонибдорӣ аз Путин фаъолони созмони "Ихтиёриёни Русия", ки асосан донишҷӯёнанд, ҳанӯз пеш аз таъсиси ситод оғоз карда буданд. Онҳо бояд то охири моҳи январ 300 ҳазор имзо ҷамъ кунанд. Бино ба хабарҳо, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Русия ҳангоми ҷамъоварии имзо ба қонуншиканӣ роҳ дода, аз манобеи маъмуриятҳо истифода мекунанд.

Аз ҷумла, сомонаи маъмурияти ноҳияи Балаковои вилояти Саратов 9 январ хабар дод, ки ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз Владимир Путин оғоз шудааст. Дертар ин хабар пок карда шуд. Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, Путин дар мулоқот бо ҳамраисони ситодаш хост, имзоҳо дақиқ ва бидуни қонуншиканӣ ҷамъоварӣ шаванд.

Интихоботи президентии Русия 18 марти соли равон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG