Ссылки доступа

Дар Чимкент хиёбони Остона ба Назарбоев табдили ном кард


Вакилони маҳаллии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аз пешниҳоди табдили ном кардани хиёбони Остона ба номи президент Нурсултон Назарбоев ҷонибдорӣ карданд.

Раиси бахши ҳизби "Нур Отан" дар шаҳри Чимкент Умирзоқ Мелдехонов гуфт, ташаббуси ба номи президент гузоштани яке аз кӯчаҳои марказиро вакилони маҳаллӣ ва комисияи доимии маҷлиси маҳаллӣ рӯи даст гирифтанд.

Вакилоне, ки дар ҷаласаи баррасии масъалаи мазкур ширкат доштанд, "якдилона" аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, дақиқ нест, ки номи хиёбон кай тағйир мекунад.

Моҳи гузашта дар Алмато кӯчаи Фурманова ба номи Назарбоев гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG