Ссылки доступа

Телевизиони ON1 дар Қирғизистон тағйири ном мекунад


Мудири телевизиони ON1 («Он бир») рӯзноманигор Дмитрий Ложников таъйин шуд. Дар ин бора худи рӯзноманигор хабар дод. Вай гуфт, қисме аз рӯзноманигорони шабакаи "Канали панҷум" ҳамроҳи вай ба "Он бир" омадаанд.

Дмитрий Ложников тасдиқ кард, ки ON1 дар марҳилаи тағйири ном кардан аст ва дар ояндаи наздик номи наваш эълон хоҳад шуд.

Мудири пешини ON1 Мамасадоқ Багишов ҳамчунин тасдиқ кард, ки аз мақом истеъфо додааст.

Пештар хабар расид, ки ON1 ба "Апрел" тағйири ном мекунад.

Телевизиони ON1 ду сол аст, ки фаъолият дорад. Бино бар иттилои вазорати адлияи Қирғизистон, ин телевизион моли Канибек Туманбоев, узви Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ аст. Вай дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2017 шахси боэътимоди Сооронбой Ҷээнбеков буд.

XS
SM
MD
LG