Ссылки доступа

Бӯрон фурудгоҳи Назарбоевро ба коми худ кашид


Бино ба иттилои расмӣ, фурудгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон ба далели номусоидии боду ҳаво муваққатан пешвоз ва гусели мусофиронро қатъ кардааст.

"Фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Остона ба далели номусоидии боду ҳаво ва ба хотири таъмини амнияти парвози мусофирон муваққатан баста шуд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон.

Ба огаҳии сомонаи фурудгоҳ, дар натиҷа даҳҳо парвози дохиливу хориҷӣ бекор ё ба таъхир гузошта шудаанд. Кумита ба мусофирон тавсия додааст, ки барои гирифтани маълумот дар бораи парвозҳои худ ба телефонҳои боварии ширкатҳои ҳавопаймоӣ занг зананд.

Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои як қатор шаҳру навоҳии Қазоқистон манъ ва барои хонандагони басти аввали мактабҳои миёнаву донишҷӯёни соли 1-2-уми донишгоҳҳои Остона имрӯз таътил эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG