Ссылки доступа

Маъракаи сафедкунии ранги мошинҳо то ба шимоли Туркманистон расид


Талаби ранги сафед кардани мошинҳои сиёҳ то ба минтақаҳои шимолии Туркманистон, аз ҷумла вилояти Дашоғуз низ расид.

Ба гуфтаи як манбаъ, то ду моҳ пеш танҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мошинҳои сиёҳи худро сафед мекарданд, ҳоло иҷрои ин талабот барои кормандони тамоми муассисаҳои давлатӣ ҳатмӣ шудааст.

Бино ба хабарҳо, масъулони тамоми корхонаҳои давлатии Дашоғуз, аз ҷумла идораҳои маорифу муассисаҳои тиббӣ ва маъмурияти ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки мошинҳои хидматии худро сафед кунанд.

"8 январ бо баргузории як ҷаласаи махсус тамоми раҳбарони муассисаҳои давлатии Дашоғузро вазифадор карданд, ки то миёнаҳои моҳи феврал мошинҳои хидматии худро сафед кунанд", - гуфт як манбаъ дар ҳукумати Дашоғуз.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, ҳоло дар марказҳои техникии ин вилоят навбатпоиҳо барои ранг кардани мошин тӯлонӣ шуда, нархи он низ то ба 8000 манат ( 3,5 манат 1 доллар аст) расидааст.

XS
SM
MD
LG