Ссылки доступа

NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 11-уми январи 2018 (HD)

- Санҷиши ДНК ҳаққи падариро собит, вале оиларо пароканда кард. Фанновариҳои замонавии тиббӣ имкон медиҳад, ки ҳаққи падарӣ ё модарии кӯдак пурра мушаххас шавад. Санҷиши мазкур дар бисёр ҳолатҳо ба хотири рафъи шубҳаву гумон нисбати ҳувияти волидони кӯдак анҷом мешавад (видео)

- NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд. Дар Тоҷикистон сар аз рӯзи 11-уми январ истифодаи паёмрасони интернетӣ NGN-ро дигарбора бастанд. Истифодаи онро рӯзи 18-уми декабр мамнӯъ карданд, дигарбора иҷоза доданд ва акнун боз бастаанд (видео)

- Чаро нархи маводи ғизоӣ боло рафт? Мушоҳидаи чанд бозори пойтахт нишон дод, ки нархи маҳсулоти хӯрока тағйир ёфтааст. Нархи маводи ғизоӣ барои як қишри бузурги ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Бинобар омори расмӣ, 30 дарсади аҳолии беш аз 8 миллиону 735 ҳазорнафараи Тоҷикистон камбизоат ба шумор мераванд (видео аз Директ)

- "Фарзанди нодаркор". Беҳрӯз 20 сол дорад ва дар ин муддат чанд бор зиндагиро аз нав шурӯъ кардааст. Ин ҷавон, ки мегӯяд, ятими кулл аст, дар паёме ба онҳое, ки мехоҳанд тифлеро ба фарзандӣ бихонанд, мегӯяд, пеш аз гирифтани чунин як тасмими ҷиддӣ хуб фикр кунанд, то баъд ятимеро ноумеду дилшикаста насозанд (видео аз Директ)

- Рушди ҷароҳии пластикӣ дар Тоҷикистон -- занҳо дар пайи зебоӣ. Дар Тоҷикистон солҳои ахир ҷарроҳии пластикӣ дар байни занон роиҷ мешавад. Баъзе қиёфаи гандумгуни худро сафед мекунанд, дигарон биниашро тағйир медиҳанд ва саввуми лабҳои хешро калон мекунад (видео аз Директ)

- Роҳи Хуҷанд - Душанбе дар чӣ вазъ аст? Сардии ҳаво дар чанд рӯзи ахир саффи талабгорони сафар аз Суғд ба Душанберо тавассути роҳи заминӣ камтар кардааст. Рӯзи 11-уми январ дар истгоҳи “таксӣ”-ҳои Хуҷанд мусофирон хеле кам ба назар мерасиданд ва ронандаҳо барои пур кардани мошинҳои худ ба ин сӯву он сӯ медавиданд (видео)

- Ато Мирхоҷа: Фасод аз мушкили асосии Тоҷикистон аст. "Андозчини рӯзадор"-и Ато Мирхоҷа беҳтарин китоби насрии соли 2017 дар Тоҷикистон эълон шудааст. Гуфтугӯи комил бо Ато Мирхоҷаро дар ин навори видео бибинед (видео)

- Осиё: бӯрон дар Остона ва барканорӣ барои мастӣ дар Қирғизистон. Бӯрон пойтахти Қазоқистонро фаро гирифт.14%-и сокини Тоҷикистон зери хати фақри шадид зиндагӣ доранд. Мансабдори қирғизро барои мастӣ дар ҷои кор ихроҷ карданд. (видеои Настоящее время)

- Ронандаи накӯкорро ба Ҳаҷ мефиристанд. Як ронандаи мусофирбар дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон ройгон хидмат мерасонад. Мардум аз ин кораш огаҳ шуда барои амалӣ шудани орзуяш яъне зиёрати Ҳаҷҷ пул ҷамъ карданд. Ним сол баъд мумкин аст ба орзуяш бирасад. (видео)

- «Шаҳри ҳушманд»-и Қирғизистонро ширкати чинии Huawei месозад (видео)​

- Аз Чин то Аврупо бо роҳи хушкӣ. Бандари хушк дар марзи Қазоқистону Чин ба тиҷорати ҷаҳонӣ чӣ таъсир мерасонад (видео аз Директ)​

- Дар Остона ҳолати изтирорӣ эълон шуд (видео аз Директ)

- 100 зани машҳур зидди "бадбинии мардон". Сад зани машҳур мавҷи "бадбинии мардонро" маҳкум карданд (видео аз Директ)

- Дар Русия марде бо тонк ба шаробхарӣ омад (видеои Настоящее время)

- Лаҳистон мегӯяд, ҳавопаймои президент Качинский дар пайи таркиш суқут кардааст.​ (видео аз Директ)

- Дар Украина ҳудуди 200 кас ба бемории сурхак гирифтор шудаанд. (видео аз Директ)

- Раҳбари эътирозгарони зидди "Платон" ҷарима шуд. Дар Петербург раҳбари боркашҳои Русия Андрей Бажутинро ғоибона 20 000 рубл ҷарима карданд. Ӯ ба ташкили роҳпаймоии ғайриқонунӣ айбдор шуд. (видеои Настоящее время)

- Дар Гурҷистон шарики эҳтимолии "Аҳмади якдаста"-ро куштанд. Дар деҳаи Панкисскийи Гурҷистон ҷасади сокини 19-солаи маҳаллӣ Темирлан Мачаликашвилиро ба хок супурданд. Ӯ охирҳои моҳи декабри соли 2017 дар натиҷаи амалиёти мақомоти махсус зидди гумонбарони терроризм ҷон бохт. Волидони ӯ мақомоти махсусро дар қатли вай айбдор карда, муҷозоти дастандаркоронро талаб доранд. (видео аз Директ)

- Лас-Вегас афсонавӣ нест. Садҳо сокини бехонаи он дар таҳхонаҳои шаҳр зиндагӣ доранд. (видеои Настоящее время)

- Муҷассамаҳои ҷаззоб аз ях. (нигористон)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG