Ссылки доступа

Дар Туркманистон амволи кишоварзони "қарздор"-ро мусодира мекунанд


Додситонии вилояти Дашоғузи Туркманистон кишоварзони маҳаллиеро, ки нақшаи пахтаро иҷро накардаанд, бозпурсӣ мекунад. Дар ин бора худи кишоварзони ин вилоят иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи онҳо, баъд аз бозпурсӣ додситонӣ додгоҳ парвандаи кишоварзони аз давлат "қарздор"-ро баррасӣ ва аз онҳо талаб мекунад, ки пул супоранд. Молу мулки кишоварзоне, ки тавони пардохтро надоранд, мусодира хоҳад шуд.

Ҳамсуҳбатони мо аз вилояти Дашоғуз мегӯянд, масъулон уҳдадориҳои худро дар асоси қарордод иҷро накарда, нирӯҳои минераливу техникаро сари вақт дастрас нанамуданд, ки дар натиҷа заминҳо дер коркард ва ҳосили пахта кам шуд. Вале ба гуфтаи онҳо, додгоҳ ин омилҳоро ба назар намегирад.

"Кишоварзон танҳо дар вақти ҷамъоварии ҳосил ба ёди онҳо мезананд. Ба воситаи телевизион мегӯянд, ки ҳама чизро таъмин карданд. Вале дар асл ҳеч кор накардаанд. Бо вуҷуди хисорот дидаамон, маҷбур доранд, ки боз ба давлат пул супорем", - гуфт як кишоварз аз ноҳияи Сафармурод Туркманбошии вилояти Дашоғуз.

Мақомоти туркман тирамоҳи имсол хабар доданд, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро бо комёбӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 50 ҳазор тонна иҷро карданд.

XS
SM
MD
LG