Ссылки доступа

Ӯзбекистон соли 2019 дар ивази шиносномаҳои маъмулӣ ID-кортҳоро нашр мекунад


Нахустин кортҳои шиносоӣ (ID-кортҳо) дар ивази шиносномаҳои пешин дар Ӯзбекистон соли оянда нашр мешаванд.

Нашру тақсими ID-кортҳо дар барномаи "Соли соҳибкории фаъол, идеяҳои инноватсионӣ ва технологӣ" пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Ӯзбекистон пештар мехост як низоми дигарро роҳандозӣ кунад. Сар аз 1 январи соли 2019 дар он кишвар интизор мерафт, шиносномаҳои нави хориҷӣ ҷорӣ ва шиносномаҳои биометрие, ки айни ҳол дар дасти сокинон ҳастанд, танҳо барои истифодаи дохилӣ истифода шаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, ҷорӣ кардани ID-кортҳо ин ҷараёни душвор ва тӯлонӣ аст, ки ҳоло танҳо дар ибтидои роҳ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG