Ссылки доступа

Дар Қирғизистон муҳтавои барномаҳои телевизонҳоро назорат мекунанд


Дар Қирғизистон имконият пайдо шуд, ки муҳтавои барномаҳои мусиқӣ ва дигар навъи барномаҳои телевизионҳоро назорат кунанд.

Мақомоти он кишвар хабар медиҳанд, ки низоми навро Ширкати ҷамъиятии радиотелевизиони Қирғизистон амалӣ ва дар мавриди омору нашри видеоҳо гузориш таҳия мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон масъалаи ҳаққи муаллифии барномаҳои мусиқӣ ва дигар маҳсули фикрӣ баҳсбарангез аст. Зери қонун дар бораи ҳаққи муаллифӣ риоя намешавад.

Пештар аз ин ходимони эҷодии Қирғизистон талаб карданд, ки ҳаққи муаллифиашон риоя шавад. Ба вижа онҳо талаб карданд, ки пардохти ҳаққи қаламашон ба таври қатъи назорат шавад.

XS
SM
MD
LG