Ссылки доступа

Барномаҳои компютерӣ дар дарки муҳтавои матн аз одамон пеш гузаштанд


Ширкатҳои "Alibaba"-и чинӣ ва "Microsoft"-и амрикоӣ мегӯянд, барномаҳои компютерӣ дар санҷишҳои дарки муҳтавои матни хондашуда аз одамон пеш гузаштанд.

Дар санҷиши Донишгоҳи Стенфорд оид ба дарки муҳтавои матн барномаҳои худомӯзӣ 82,65 хол ва одамон 82,3 хол гирифтаанд.

Барномаҳои дарки матн (natural language processing) талош мекунанд, дар ёфтани маънои калима ва ҷумла ба одамон тақлид кунанд. Рушди ин соҳа ба компютерҳо мусоидат мекунад, то ба саволҳо дуруст посух гӯянд.

Донишманд Си Луо, раҳбари ин соҳа дар бахши пажуҳишии Alibaba мегӯяд, акнун компютерҳо ба саволҳо дурустар ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеҳни маснуӣ яке аз муҳимтарин самтҳои илми ҷаҳони муосир аст.

Ҳарчанд "зеҳни маснуӣ" ҳанӯз комилан сохта нашудааст, вале барномаҳои худомӯзии компютерӣ аллакай дар бозии шоҳмот то ташхиси симову дарки матн аз одамон пеш рафтаанд.​

XS
SM
MD
LG