Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистонро дар асардуздӣ айбдор карданд


Аксбардор аз Канада мегӯяд, Қазоқистон аксҳои бардоштаи ӯро дар пули миллиаш истифода бурдааст. Кейт Тестер аз Онтарио посухи Бонки миллии Қазоқистонро мунтазир аст. Аккосони хориҷӣ, ки даъвои ҳаққи муаллифӣ доранд, барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифиашон муттаҳид шудаанд.

Пештар аз ин аксбардори швейтсарӣ Марсел Буркхард даъво кард, яке аз аскҳои турнаҳо дар пули миллии 500-тангаӣ аз они вай аст. Акнун аккос аз Канада Кейт Тестер ҳам ба вай пайваст. Тестер мегӯяд, турнаи дигар, ки дар пули миллии Қазоқистон нашр шудааст, акси ӯст. Вай талаб дорад, ки "Қазоқистон бояд эътироф кунад, ки дар пули миллиаш акси ӯро истифода бурдааст".

Кейт Тестер мегӯяд, ин аксро 8 июни соли 2010 дар Канада бардоштааст. Бори аввал ин акс дар сомонаи Deviantart 24 июни соли 2010 нашр шуда буд. Дар мавриди он ки акси бардоштаи ӯро дар пули миллии қазоқӣ истифода кардаанд, Тестер чанде пеш хабар ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Қазоқистон мегӯяд, "аксҳое, ки дар рӯи пули миллӣ нашр шудааст, бо даст кашида шудаанд".

XS
SM
MD
LG