Ссылки доступа

Созиши Тошканду Душанбе барои бекор кардани низоми раводид


Раиси Ширкати давлатии сайёҳии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов гуфтааст, ки мақомоти Тошканду Душанбе тасмим доранд, низоми раводид (виза)-ро миёни ду кишвар бекор кунанд.

"Чанде пеш раиси ҳукумати Ӯзбекистон сафари кориеро ба Тоҷикистон анҷом дод. Ҷонибҳо роҷеъ ба ин масъала ба созиш расиданд. Созишномаи мазкур қарор аст, дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо шавад", - афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Абдуҳакимов, ин гоми бузурге хоҳад буд, ки сокинони ду кишвар сахт аз он ҷонибдорӣ мекунанд.

"Мо бовар дорем, ки иқдоми мазкур равуои сокинон ба кишварҳои ҳамдигарро афзуда, ба рушди соҳаи туризм ҳам мусоидат хоҳад кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хива бираванд", - изҳор доштааст Абдуҳакимов.

Бино ба хабарҳо, сафари президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ибтидои баҳори имсол сурат хоҳад гирифт.

Пештар Мирзиёев дар мулоқот бо вакилони вилояти Тошканд гуфт, аз ин ба баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хуб зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад.

"Мо як қатор созишномаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан ва энергетикаро имзо карда, масъалаҳои зиёдеро баррасӣ хоҳем кард", - афзуд Мирзиёев.

Моҳи ноябри соли 2017 низ дар Душанбе ҷонибҳо барои эҳёи парвозҳои миёни ду кишвар санадеро имзо карданд. Ҳоло мақомоти ду кишвар имкони афзоиши масирҳои ҳавоиро миёни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанду Бухоро баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG