Ссылки доступа

Сабабҳои эҳтимолии сӯхтори автобус бо бештар аз 50 мусофираш эълон шуд


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, сабаби фавти шумори зиёди одамон дар ҳодисаи оташ гирифтани автобус он буд, ки дари пушти автобус боз нашуд. Дар ин бора намояндаи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон дар вилояти Оқтеппа Виталий Синев иттилоъ медиҳад.

"Эҳтимолан (сабаби сӯхтор) - ноқилҳои барқ буд. Албатта, одамон ба ваҳшат афтоданд. Дар боз нашуд", - гуфт вай.

"Ваҳшат чист, тасаввур мекунед? Панҷоҳ одам, ваҳшат, дар ҳолати нимбедорӣ дарро шикастан мехоҳанд. Автобуси дуқабата - дарҳояш борик аст. Касе афтод, аз пушти вай нафари дувум, дарҳо комилан махкам шуданд, ва тамом. Боқимондаҳо худро гум карданд, касе дар фикри он набуд, ки шишаҳоро бишкананд", - нақли қавл мекунад РИА Новости аз Синев.

Автобуси ҳомили муҳоҷирони Ӯзбекистон 18 январ дар шоҳроҳи ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон оташ гирифт. Аз 57 нафар танҳо 5 тан зинда монд.

XS
SM
MD
LG