Ссылки доступа

11 соли зиндон барои талаби ним миллион доллар ришват


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми январи имсол Аскар Нурализода, як масъули собиқи Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба гирифтани тақрибан 500 ҳазор доллар ришва айбдор донист ва ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Ин мақоми собиқи Вазорати рушди иқтисод тирамоҳи соли гузашта аз тарафи маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Онҳо гуфтанд, ки Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ аз як шаҳрванд дар маҷмуъ 1 миллион доллар хоста, ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ низ талаб намуда буд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар Душанбе дастгир шуд.

Қазияи Аскар Нурализода аз қазияҳои фарқкунандаи талаби пора дар Тоҷикистон дар соли 2017 ба ҳисоб мерафт. Ин хабар дар расонаҳои ҷаҳонӣ низ нашр гардид. Сарусадо атрофи ин қазия ба қавли огоҳон ба хотири ҳаҷми маблағи баҳсӣ мерафт. Чун дар Тоҷикистон то ҳол мақомот хабар надодааст, ки як мақоми давлатӣ бо 500 ҳазор доллар маблағ боздошт шуда бошад. Ин ҳодиса давоми чанд ҳафта дар сархати расонаҳо қарор дошт. Аммо бо вуҷуди пайгирӣ паҳлуҳои ин қазия барои ҷомеа норӯшан монд.

XS
SM
MD
LG