Ссылки доступа

Дар Бурятия хонанда бо табару коктейли "Молотов" ба мактаб ҳамла кард


Дар Бурятия субҳи имрӯз, 19 январ як наврас бо табар ва коктейли "Молотов" ба мактаби №5 -и шаҳри Улан-Удэ ҳамла кардааст. Дар ин бора пулиси маҳаллӣ ба сомонаи "Сибир.Воқеият" иттилоъ дод.

Ин хонандаи синфи 9-ум маводи оташангезро ба синфхонае дар ошёнаи севум ҳаво дода, чанд хонандаро захмӣ кардааст. Дар натиҷа беш аз 500 донишомӯз аз бинои мактаб, ки оташ мегирифт, ба ҷои бехавф интиқол дода шудаанд.

Табибон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи мазкур чаҳор одам осеб дидаанд. Ба огаҳии кумитаи тафтишотии маҳаллӣ, навраси ҳамлагарро боздошт ва дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасди куштори ду нафар ва ё бештар аз он" парванда боз кардаанд.

15 январи соли равон низ ду наврас дар мактаби №127-и шаҳри Перм ба хонандагони синфи 4-ум ва омӯзгоре ҳамла карда буданд. Дар натиҷаи он 15 одам захмӣ шуда, 8 тани онҳо дар ҳоли ҳозир, дар беморхонаанд. Худи омӯзгор низ баъди ҷарроҳӣ ба худ омад. Ҳамлагарон бо қарори додгоҳ ду моҳ ҳабс шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG