Ссылки доступа

Дар Тошканд барои кумак ба сокинону меҳмонон гуруҳҳои махсуси пулис таъсис ёфт


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар медиҳад, ки дар пойтахти Ӯзбекистон "нозирони махсус" фаъолиятро оғоз карданд. Ин нозирон ба сокинону меҳмонон дар истгоҳу фурудгоҳ ва майдони Истиқлоли Тошканд кумак хоҳанд расонд.

Ба огаҳии манбаъ, нозирони мазкур бо либоси замонавӣ ва техникаҳои махсус таъмин карда шудаанд. Онҳо дар се макони пойтахти Ӯзбекистон -- "Истгоҳи Тошканд", "Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов" ва "Майдони Истиқлол" хидмат мерасонанд.

Ба ҷуз ин, "нозирони нав"-и ӯзбек бо телефонҳои ҳамроҳе таъмин гаштаанд, ки дар онҳо барномаҳои "Транслейтер" (тарҷумони шифоҳӣ) ва харитаи электронии пойтахти Ӯзбекистон "Навигатор" насб карда шудааст. Ин барномаҳо имкон медиҳанд, то ба сокинону меҳмонҳои Тошканд бо чанд забон хидмат расонда шавад.

То ба ҳол дар низоми Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон танҳо нозирони махсусе фаъолият доштанд, ки ҳаракат дар роҳҳо ва равуои сокинонро шабона назорат мекарданд.

XS
SM
MD
LG