Ссылки доступа

Дар Қазоқистон Назарбоевро раиси якумрии Шӯрои амният интихоб карданианд


Ба порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки ба президенти нахустин ва дар ҳоли ҳозир, ягонаи ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳақ медиҳад, то Шӯрои амниятро як умр раҳбарӣ кунад. Лоиҳа ҳамчунин тағйири мақоми Шӯрои амнияти Қазоқистонро аз як ниҳоди машваратӣ ба конститутсионӣ пешбинӣ мекунад.

Дар сурати қабули лоиҳаи қонун, эҳтимол дорад, Шӯрои амният дар Қазоқистон ба яке аз марказҳои калидии идораи ин кишвар табдил ёбад ва тамоми мансабдорон ва ниҳодҳои иҷроия вазифадор хоҳанд шуд, ки қарори шӯро ва раҳбарияти онро иҷро кунанд.

Сиёсатшинос ва раҳбари Бунёди рушди демократия дар Осиёи Марказӣ Толганай Умбеталиева "фикр намекунад, ин лоиҳаи қонун дар тарҳе, ки пешниҳод шудааст, дар сурати қабул шуданаш тавонад, дар низоми сиёсӣ ва сохтории Қазоқистон тағйири ҷиддиеро ба вуҷуд орад". Ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд, пас аз қабули доктринаи низомӣ дар Қазоқистон бозбинии вазифаҳои Шӯрои амният ҷараён дорад. Зеро ҳангоми интиқоли қудрат таҳдидҳо метавонанд хусусияти хориҷӣ низ касб кунанд.

Раҳбари Бунёди ҷамъиятии "Пажӯҳишгоҳи рушди конститутсионӣ ва демократия" Мереке Габдуалиев мегӯяд, лоиҳаи қонуни мазкур як чораи эҳтиётӣ барои Қазоқистон дар замони интиқоли қудрат аст.

"Ҳоло маълум нест, ки ҳангоми интиқоли қудрат кӣ чи гуна рафтор хоҳад кард. Эҳтимол дорад, касе таҷдиди назар кунад. Бинобар ин, ба Шӯрои амният мақоми конститутсионӣ дода мешавад. Зеро агар ҳангоми ба курсӣ нишастани президенти нав нофаҳмиҳое ба миён ояд, Назарбоев тавонад вазъ ва равандро идора кунад", - мегӯяд Габдуалиев.

Дар Қазоқистон соли 2017 ба Конститутсия тағйирот илова карданд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба бозтақсимкунии салоҳиятҳо ва тақвияти нақши порлумон ва ҳукумат дар ин кишвар мусоидат мекунад. Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ислоҳоти конститутсионии Қазоқистонро "як ранги дигар ба рӯи девори куҳна" ва талоши навбатӣ барои маҳдуд кардани тақсими салоҳиятҳо номид.

XS
SM
MD
LG