Ссылки доступа

Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон аз нав мушаххас мекунад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон аз нав мушаххас мекунад. Баъд аз 30 сол Тоҷикистон бо таъсиси як кумисюни вижа талош дорад, марзашро бо Афғонистон аз нав мушаххас ва аломатгузорӣ кунад. Ин ду кишвар 1347 километр марзи муштарак доранд ва хатти марз дарёи Панҷ аст. Мақомот мегӯянд, ки дар пайи ба ҳар сӯй “ғел хӯрдан”-и оби Панҷ қитъаҳои баҳсӣ ба миён меояд (видео)

- Ҷангиёни афвшудаи тоҷик ба Сурия бармегарданд? Беш аз 30 сокини вилояти Суғд, ки баъди бозгашти ихтиёрӣ аз ҷангҳои Ироқу Сурия афв шуданд, дубора ба сафи гуруҳҳои тундрав баргаштаанд. (видео)

- Компютер, бигӯ ман камбизоат ҳастам ё не? Кӣ камбизоат аст, кӣ не? Дар Тоҷикистон минбаъд компютер ба ин суол посух мегӯяд. (видео)

- Бераҳмӣ нисбати гурба Фаррухро ангуштнамои хосу ом кард. “Қатли ҳайвони безабон амали нафратовар аст”, - мегӯяд як гурӯҳ. “Аз ин ҳодиса фоҷеа насозед” - даъват мекунад гурӯҳи дигар. Ҷомеаи Тоҷикистон то ба ҳол дар робита ба бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонҳо мавқеи ягона надорад ва зоҳиран, намехоҳад инро ҳамчун мушкилот эътироф кунад (видео)

- Зану шавҳари соҳибкорро дар Суғд кӣ кушт? Бо гумони қатли зану шавҳари соҳибкор дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як гуруҳи ҷиноӣ боздошт шудааст. Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева, моликони дӯкони матоъфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд шаби 17 ба 18-уми октябри соли гузашта дар хонаашон кушта шуданд (видео)

- Оби дари кӯча қадр надорад. Лӯлаи бози об дар Душанбе, сард кардани тарбуз зери ҷумаки об дар тобистон, ду соат шустани як мошин саҳнаи оддиест, ки ҳар рӯз дар Тоҷикистон мебинед ва касеро ҳам ба ҳайрат намеорад. Аммо ин саҳнаҳои оддӣ оқибатҳои бади зиёде барои иқтисоди Тоҷикистон доштаанд (видео)

- Сафаров: Интизор будем мухолифин кай "титу пош" мешаванд. Як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамроҳ нашудани Додоҷони Атовулло ва “Гурӯҳи 24” ба эътилофи зери раҳбарии ҲНИТ ситоиш кард (видео)

- Рӯзноманигори мустақили ӯзбек Дилмурод Саид: тайи 9 соли зиндон ҳам ҷисману ҳам руҳан шиканҷа шудаам. Ин рӯзноманигор 3 феврал аз маҳбаси Қаршии Ӯзбекистон озод шуд. (видео)

- Бераҳмӣ нисбати гурба Фаррухро ангуштнамои хосу ом кард. “Қатли ҳайвони безабон амали нафратовар аст”, - мегӯяд як гурӯҳ. “Аз ин ҳодиса фоҷеа насозед” - даъват мекунад гурӯҳи дигар. Ҷомеаи Тоҷикистон то ба ҳол дар робита ба бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонҳо мавқеи ягона надорад ва зоҳиран, намехоҳад инро ҳамчун мушкилот эътироф кунад (видео)

- Латукӯби бераҳмонаи зани афғон барои муносибати маҳрамона. Як зани 22-сола дар ноҳияи Чоҳи Оби вилояти Тахори Афғонистон дар як додгоҳи саҳроӣ аз тарафи шуморе аз мардон мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. (видео)

- Дар Латвия мехоҳанд, издивоҷҳои ғайрирасмиро қонунӣ кунанд. Ба ҷонибдорӣ аз идеяи қонунӣ кардани издивоҷҳои ғайрирасмии сокинон 10 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. Агар қонун дар бораи ҳамзистӣ дар Латвия қабул шавад, издивоҷи ҳамҷинсҳо низ эътироф карда мешавад. (видео аз Директ)

- Қазоқистон манъи равияи салафияро арзёбӣ мекунад. (видео)

- Ҷонибдорони Саакашвилӣ дар Киев "Роҳпаймоӣ барои оянда" баргузор карданд. (видеои Настоящее время)

- Як куштаву ҳазорҳо дарахти афтода: барфрезии рекордӣ дар Москва (видео)

- Ҳамҷинсгарои рус аз Украина дархости паноҳандагӣ кард. (видео аз Директ)

- Осиё: Қирғизистон бидуни халтаҳои селофанӣ. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар Қазоқистон гуфт, ки ба давлатҳои дорои пулҳои маҷозӣ набояд эътимод кард. Дар Қирғизистон боз мехоҳанд, истеҳсол ва паҳни халтаҳои селофаниро манъ кунанд. (видеои Настоящее время)

- «Маблағ захира кунед!» – муроҷиат кард Дмитрий Медведев ба сарвазирҳои кишварҳои узви ИИАО (видео)

- Чи гуна нидерландиҳо ба қирғизистониҳои мубтало ба ВИЧ зиндагӣ кардан аз сари навро меомӯзонанд. (видео аз Директ)

- Эътироз зидди тахриби масҷид: фаъолон ба Путин муроҷиат ва гуруснашинӣ эълон карданд (нигористон)

- "Кайҳон"-и коммунизм. Нависанда ва аккос Фредерик Шобен давоми солҳо сохтмонҳои азими шӯравиро акс гирифтааст (нигористон)

- Дирижери қазоқ дар Ӯзбекистон (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG