Ссылки доступа

КБО 15 варзишкори сафедшудаи русро ба Пхёнчхан даъват накард


Кумитаи байналхалқии Олимпӣ (КБО) 15 варзишкори русро, ки бо ҳукми додгоҳи ҳакамӣ сафед шуданд, ба бозиҳои Пхёнчхан даъват накард.

Дар сомонаи созмон гуфта шудааст, ки гап дар бораи 13 варзишкор ва 2 мураббӣ - Алберт Демченко ва Сергей Чудинов меравад.

КБО мегӯяд, баъди тафтиши варзишкорон шубҳае пайдо шуд, ки онҳо доруҳои мамнуъро истифода кардаанд. Комисияи Денис Освалда, ки ба бозтафтиши истифодаи допинг дар Олимпиадаи Сочӣ машғул аст, далелҳои қонеъкунандае нисбати русиягиҳо пайдо накард. Зеро иттилоъ ва маводи лозимиро ба ӯ дастрас накардаанд, хабар медиҳад кумита.

Ахиран раиси КБО Томас Бах дар робита ба қарори Додгоҳи ҳакамии варзишӣ изҳори таассуф кард. Ин додгоҳ қарор содир кард, ки 28 варзишкори рус ба Олимпиада роҳ дода шаванд. Томас Бах гуфт, набуди чораҳои муҷозотӣ аз ҷониби додгоҳи варзишӣ маънои онро надорад, ки варзишкорон барои ширкат дар Олимпиада даъват карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG