Ссылки доступа

Дар Тошканд амалисозии лоиҳаи шаҳри ҳушманд бо $1,4 млрд шуруъ шуд


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сохтмони маҷмааи технологии High Tech City бо арзиши 1 миллиарду 400 миллион доллар шуруъ шуд. Ин лоиҳа аз сӯи ширкати POSCO Daewoo-и Куриёи Ҷанубӣ коркард шудааст.

"Маҷмааи нав дар майдони 500 гектар сохта мешавад ва марказҳои тиҷорӣ, биноҳои истиқоматӣ, таҳсилотӣ, тиҷорӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои илмиву таҳқиқотӣ ва иншооти дигарро дар бар мегирад. Ҳамаи ин биноҳо бо истифода аз технологияи "ҳушманд", каммасраф ва низоми худкор сохта мешаванд", - хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бо ҳадафи амалисозии лоиҳаи мазкур дар Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ гуруҳҳои муштараки корӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG